Sebiston new 2024 october
ТАҚДИР МАРО БО ОШИҚИ ДУГОНААМ ҲАМХОНА КАРДУ...
6798

 

Бо дугонаам солҳои тӯлонист, ки рафту омад дорем, ҳатто дар хонаҳои якдигар шабона хоб мекардем. Бо мурури замон мо духтарони қадрас шудем. Пас аз хатми мактаби миёна Т. ба донишгоҳ дохил шуду волидонам нагузоштанд, ки ман таҳсиламро идома диҳам.

Хулоса, аз байн чанд вақт гузашту дугонаам рӯзе рози дилашро ба ман кушода гуфт, ки хушдор дорад. Ҳафтаи охирини дарсҳои дугонаам буду маро аз волидонам ҷавоб гирифта, ҳамроҳаш ба Душанбе овард. Ошиқаш Валӣ ӯро ба мулоқот хонду дугонаам маро низ ҳамроҳи худ гирифт. Пас аз сайругашти шабона Валӣ моро то хона гусел кард. Хулоса, дар муддати як ҳафтаи дар пойтахт буданам, се маротиба ҳамроҳи дугонаам ба вохӯрӣ рафтем. Дар охирин вохӯрӣ нигоҳҳои шубҳаангези Валиро дарк намуда, дилам ба ларза афтод. Метарсидам, ки ба ман ҳусни таваҷҷуҳ пайдо кардани ошиқашро пай бурда, дугонаам аз ман сахт меранҷад. Кӯшиш кардам, ки зиёд наздашон набошам ва аз дугонаам рухсат гирифта, аз онҳо дуртар нишастам. Пас аз он ки ба деҳа баргаштам, дугонаам тез-тез ба ман занг зада, саломи Валиро мерасонд. Аз байн муддате гузашту ба хонаамон хостгор омад. Волидонам пас аз пурсупоси кӯтоҳ розигӣ доданд. Маълум шуд, ки домод дар яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе мехондааст.

Мани сода барои дидани домод талош накарда, ба модарам гуфтам, ки худатон бинед, кифоя аст. Ҳамин тавр рӯзи тӯйро муайян карданд. Дугонаамро ҳамчун шоҳид даъват кардам. Вай ба тӯй бо чеҳраи ғамзада омада, гуфт, ки Валиро падару модараш маҷбуран зан дода истодаанд. Як рӯз пеш аз тӯй маълум шуд, ки шавҳаршавандаи ман ҳамон ошиқи дугонаам-Валӣ будааст. Ҳарчанд қасам болои қасам хӯрда гуфтам, ки домодро то ҳол надидаам ва Валӣ буданашро намедонистам, дугонаам ба ман бовар накард ва бо чашмони гирён имтиҳон доштанашро баҳона карда, баромада рафт. Туям мисли мотам гузашт, зеро дугонаи беҳтаринамро аз даст додам.

Айни ҳол ман соҳиби хонаву дари обод ва фарзандони дӯстрӯяк ҳастам ва шукри Худованд аз чизе камбудӣ надорам. Ба он мақсад ба “Оила” муроҷиат намудам, ки духтарон ҳеҷ гоҳ дугонаашонро бо дӯстдоштаашон шинос накунанд. Нагузоред, ки маҳбубатон аз шумо беҳтареро дида, ба роҳи бевафоӣ қадам гузорад. Боз як чизи дигар-пеш аз тӯй ҳатман домодшавандаро бубинед !

Муҳаббати роғунӣ, хонандаи ҳамешагии “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД