Президенти Амрико Доналд Трамп бо таҳдидҳои нав ба нав мехоҳад Эронро рӯҳан шикаст диҳад. Ӯ дирӯз боз таҳдид кардааст, ки агар гулӯгоҳи Ҳурмузд ба зудӣ боз нашавад, тамоми нерӯгоҳҳои барқӣ ва чоҳҳои нефти Эронро несту нобуд месозад.
Доналд Трамп дирӯз, 30-юми март дар саҳифаи “Truth Social” навиштааст, ки барои поён додани ҷанг дар ҳоли музокироти ҷиддӣ бо як “ҳукумати нав” дар Эрон машғул аст. Президенти Амрико таҳдид кардааст, ки дар сурати ба созиш нарасидан ва ба зудӣ боз нашудани гулӯгоҳи Ҳурмуз Амрико нерӯгоҳҳои барқӣ, чоҳҳои нафт, ҷазираи Хорк ва дигар иншооти муҳими стратегии Эронро несту нобуд хоҳад кард. Трамп иддао дорад, ки то имрӯз Амрико қасдан ба ин иншоот зарба назадааст.
Аммо, дар ҳамин ҳол, ҷониби Эрон мегӯянд, ки аз оғози ҷанг то ба имрӯз байни Теҳрон ва Вашингтон гуфтугӯи мустақим сурат нагирифтааст.
Шарики Амрико дар ҷанги зидди Эрон - Исроил бошад, 4 сарбози дигари худро аз даст додааст. Тавре артиши Исроил хабар додааст, дирӯз дар ҷануби Лубнон бар асари задухӯрд миёни нерӯҳои Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон 4 сарбози Исроил кушта ва ду тани дигар захмӣ шудаанд. Шумораи умумии сарбозони кушташудаи Исроил дар ҷанг бо “Ҳизбуллоҳ” ба 10 нафар расида, муҳориба идома дорад. Бар асари ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон беш аз 1200 нафар кушта шудаанд, ки дар байнашон занону кӯдакон низ ҳастанд.