Formula novemver 2024
ТАҲДИДИ ҶАВОНЗАН БА ҶАВОНИ 26 СОЛА
4556

Як сокини ноҳияи Спитамен сокини дигари ин минтақаро барои паҳн кардани муносибатҳои ошиқона таҳдид карда, пул тамаъ мекард
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навкати ноҳияи Спитаменро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир кардааст.

Зан мардро "шантаж" мекард: пули калон диҳӣ маълумотҳои бадномкунандаро паҳн намекунам
Гуфта мешавад, ӯ бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда, бо мақсади паст задани шаъну шараф даст ба тамаъҷӯӣ задааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда, 11-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:40-дақиқа, ба назди хонаи истиқоматии ҷавони 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ӯлҷабоеви ноҳияи мазкур омада, ба таҳдид кардан оғоз кардааст, ки агар 4 ҳазор сомонӣ надиҳад, робитаи ошиқонаи ӯро бо як зани 23-солаи деҳаи Навкат ошкор мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчун гарав боздоштшуда шаҳодатномаи техникии автомашинаи тамғаи "Дэу Дамас", ки ба ҷабрдида тааллуқ дорад, гирифтааст.

"Рӯзи 12-уми феврали соли 2021, тахминан соати 17:00, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен гумонбаршаванда ҳангоми гирифтани 2 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуд”, - афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД