Салом ба аҳли эҷоди сомонаи дӯстдоштаам “Оила”. Ман Гулбаҳор Файзалиева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва омӯзгор ҳастам. Муддати 4 сол мешавад, ки аз дарди сар азоб мекашам. Азбаски дар оила фарзанди ягона ва бе падар ба воя расида будам, ягона пушту паноҳам дар зиндагӣ модарам буданд. Вақте ки модари азизамро аз даст додам, дунё дар назарам чаппагардон шуд ва аз ғаму дарди зиёд ба беморӣ печидам. Аз ҳамон вақт сардард ба ман ёр гашт. Як тарафи сарам мекашад ва ончунон сахт дард мекунад, ки замину замон аз ин дарди чонкоҳ дар назарам тираву тор мегардад. Ба чандин табибони номдор муроҷиат кардам, гуфтанд, ки мигрен доред, вале давояшро ёфта натавонистанд. Шунидам, ки табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев чунин бемориҳоро табобат мекардааст. Аз ҳамин хотир, ба “Оила” муроҷиат намудам, то ки бо воситаи нашрия аз ин табиби машҳур маслиҳат бипурсам. Ягон давои халқие ҳаст, ки дарди маро таскин бахшида тавонад?
Г. Файзалиева, аз н. Рӯдакӣ
Дар ҳақиқат нишонаҳое, ки шумо мегӯед, ба сардарди мигренӣ монандӣ доранд. Шахсоне, ки ба мигрен мубтало гаштаанд, аз шавқуну овози баланд, равшании офтоб ва шӯълаи равшани чароғи барқӣ нороҳат мешаванд. Нишонаҳое, ки гуфтем, шуморо ҳам азият медода бошанд, пас яқинан мигрен доред. Мо ба шумо чанд давои халқиро тавсия медиҳем, ки дарди нимсара, яъне мигренро сабуктар гардонида, асабро ором месозанд. Ин давоҳоро санҷида бинед, агар ҳолатон баъди истифодаашон беҳтар гашт, метавонед барои давом додани табобат муроҷиат намоед.
Сирко ва асал-давои дарди сар
Яке аз беҳтарин давоҳо барои рафъи дарди нимсара ин асал ва сирко мебошад. Дар як истакон 100 грам оби ҷӯшидагии ширгарм гирифта, ба он як қошуқи чойхӯрӣ сиркои себӣ ё ангурӣ андозед ва як қошуқча асал илова намуда, нағзакак омехта карда нӯшед. Пас аз ин ба чаккаҳои саратон равғани пудина ё балзами ветномӣ молида, бо ангуштонатон маҳин-маҳин массаж кунед, кашиши рагҳо ва дарди сар гум мешавад.
Давои гиёҳӣ аз пудина
Аз гиёҳҳо пудинаи боғӣ ба зудӣ дарди сарро мегирад. Миқдори баробари бодранҷбӯя (мелиса) ва пудинаи боғиро гирифта, омехта кунед ва аз ин ду гиёҳи шифобахш як таркиб созед. 2 қошуқашро ба чойник андохта, аз болояш оби ҷӯшидагӣ резед ва монед ним соат ё чил дақиқа истад. Давоми рӯз ба ҷойи чой кам-кам аз ҳамин оби шифобахш нӯшидан гиред, дарди саратон гум мешавад.
Мӯъҷизаи шир ва пиёз
Барои халосӣ аз дарди нимсара шир ва пиёзи оддӣ низ кӯмак расонида метавонад. Ҳар саҳар як дона пиёзи бехиро майда карда, ба зарфе андозед ва аз болояш тахминан 200-300 грамм об рехта, муддате ҷӯшонед. Ин обро дар дили наҳор, яъне ҳанӯз чизе нахӯрда, нӯшидан лозим аст. Ин амалро 40 рӯз идома диҳед, дарди саратон гум мешавад. Шумо метавонед ҳамчунин ҳафт рӯз пай дар пай ҳар саҳар ба як пиёла шири гарм як дона тухми мурғро андохта, онро камтар кофта нӯшед. Давоҳое, ки мо ба шумо тавсия додем, барои камтар кардани шиддати дард мебошад. Барои халосӣ аз мигрен бемориро ба пуррагӣ табобат кардан лозим аст. Саломат бошед.