sebiston july new
Табобат накардани кирми рӯда чӣ хавф дорад?
4633

Хонандагони «Оила» тез-тез ба мо бо як савол муроҷиат менамоянд: «кирми рӯда ба саломатии инсон чӣ зиён дорад?» Аз ҷумла сокини ноҳияи Спитамен Гулбону навиштааст, ки писари ягонааш Шокирҷони 13-сола кундзеҳн шудааст.

Касалии бачаро аз таъсири зиён пиндошта, Гулбону Шокирҷонро назди чандин мулло бурда, дуохонӣ кардааст, вале аҳволи бача ба ҷойи беҳ шудан, баръакс рӯз то рӯз бадтар гаштааст. Гулбону дар рӯйи писараш доғҳои сафедро дида ба даҳшат афтидааст. Номаи Гулбону ва дигар хонандагонамон моро назди табиб Бойназаров Ғайратҷон Бойназарович бурд. Арзи Гулбонуро фаҳмида, духтур гуфт:

-Аз рӯйи нишонаҳои дар нома дарҷгашта аён аст, ки бача ба кирми рӯда мубталост. Садҳо кӯдакон имрӯз мисли Шокир аз касофати кирми рӯда лоғару камқуввату кундзеҳн гаштаанд. Кирми рӯда натанҳо боиси пайдо шудани доғҳои сафед дар пӯсти рӯю баданди кӯдакон мегардад, балки ба қаду вазн, фикрронӣ ва асабашон низ таъсири манфӣ мерасонад. Кирм метавонад боиси камхунӣ гардад ва ҳатто оқибатҳои ногувор орад.

-Оқибатҳои ногувор, яъне чӣ?

-Дар сурати печидани рӯдаҳо, агар ёрии фаврӣ нарасонанд, кӯдак талаф меёбад.

-Кирми рӯда аз куҷо пайдо мешавад?

-Истеъмоли гӯшти нимпӯхта, меваю сабзавоти ношуста, оби ноҷӯшида, риоя накардани гигиенаи шахсӣ, яъне нашустани дастҳо, паст накардани нохунҳо, тоза накардани бистари хоб ва либоси тагпӯш сабабҳои асосии паҳн гаштани кирми рӯда ба ҳисоб мераванд. Кӯдакони хоколуде, ки ҳамарӯза дар кӯчаҳо мебинем, яқин дар зери нохунҳояшон тухми чанд навъи кирми рӯдаро доранд ва онро ҳамроҳи хӯрок фурӯ мебаранд.

-Чаро шумораи гирифторони кирми рӯда рӯз то рӯз меафзояд?

-Вазорати тандурустии Тоҷикистон имрӯз барои коҳиш додани ин беморӣ чораҳои зиёде андешида истодааст, аз ҷумла доруҳои зидди кирми рӯда ба мардум ройгон тақсим карда мешаванд, вале сабаби афзоиши кирми рӯда дар он аст, ки аксарияти мардум табобати хонаводагӣ намегиранд. Бачаҳои кирми рӯда дошта сарчашмаи асосии паҳншавии кирмҳоянд. Ман инро бо мисолҳои мушаххас тақвият дода метавонам. Дар оилае як писари дусола, ки мубталои кирми рӯда буд, тамоми хонаводаро ба ин касалӣ гирифтор кард.

-Кирмҳо чанд намуд доранд?

-Беш аз нисфи гирифторони кирми рӯда кӯдакони аз 6 то 14-сола буда, дар шиками баъзеашон чаҳор-панҷ навъи кирмҳои хатарнок макон доранд. Кирмҳои гиҷҷа вақтҳои охир дар организми кӯдакон бисёртар ба чашм мерасанд. Кирмҳои астритса, аскарида, занҷирмонанд, занҷири хӯрд бисёранд. Лямблиози рӯдаҳо низ зиёд ба мушоҳида мерасад.

-Кирм сабаби шабона бистарро тар кардани кӯдак шуда метавонад?

-Сари вақт табобат накардани кирмҳои рӯда натанҳо сабабгори дар ҷойхоб пешоб кардани кӯдак, балки боиси калшавӣ ва сафедшавии пӯст низ мегардад.

-Фасли тобистони бобаракат дар кишварамон ҳукмфармост ва меваю сабзавоти дар растаю бозорҳо фаровон дар баробари кони витаминҳо буданашон хавфи афзудани кирми рӯдаро пеш меоранд. Падару модарон дар ин фасл бачаҳояшонро аз кирмҳо чӣ хел наҷот диҳанд?

-Пешгирии беморӣ аз табобаташ осонтар аст, бинобар ин, волидон бояд бачаҳояшонро эҳтиёт кунанд. Пеш аз таъом ва баъди ҳоҷатхона ҳатман бо собун даст шустанро ба кӯдакон омӯзонидан лозим аст. Эмин нигаҳ доштани бачаҳо аз кирми рӯда кори мушкил нест, барои ин танҳо гигиенаи шахсиро бояд риоя намуд. Кӯдакон бояд ҳамеша оби ҷӯшида нӯшанд, хӯроку меваю сабзавоти нағзакак пухтаю тоза истеъмол кунанд.

-Пештар қайд кардед, ки як бачаи дусолаи кирми рӯда дошта тамоми хонаводаро ба ин беморӣ мубтало намудааст. Барои он ки ин касалии сироятӣ аз як фарзанд ба дигараш нагузарад, чӣ бояд кард?

-Барои ба дигар фарзандон нагузаштани беморӣ бояд кӯдаки касалро аз дигарон ҷудо кард. Бистару болин, сачоқ, косаю табақ, чойнику пиёлаи кӯдаки кирми рӯда дошта бояд алоҳида бошад.

-Табобат накардани кирми рӯда чӣ хавф дорад?

-Беморони кирми рӯда дошта одатан ду ҳолатро аз сар мегузаронанд: компенсатсия ва дискомопенсатсия. Дар давраи компенсатсия организми бемор худаш худашро муҳофизат мекунад. Дар ҳамин ҳолат беморро ба беморхона оранд, ҳатман шифо меёбад. Дар ҳолати дискомпенсатсия (вақте, ки организм зидди беморӣ дигар мубориза бурда наметавонад) касалро ба беморхона оранд, аксаран кӯшишҳои табибон натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Сабаби асосии фавти беморон низ маҳз дер муроҷиат намудан ба табибон аст, бинобар ин аз тамоми падару модарон хоҳиш дорам, ки нисбати саломатии фарзандонашон бепарво набошанд ва баробари мушоҳида намудани ноҷурии тифлашон кӯдакро ҳатман назди духтур баранд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД