toyota motors
Табибони тоҷик усули нави халосӣ аз диабети қанди навъи 2-ро пайдо карданд
206

Ҷарроҳони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” дар бемори 57-солае, ки 5 соли охир аз диабети қанди навъи ду азият мекашидааст, амалиёти ҷарроҳии шунткунонӣ байни меъда бо рӯдаи борик ва рӯда ба рӯда, яъне дар ду ҷо анҷом додани пайвандсозии узвро гузаронидаанд.

Ин ҷарроҳиро директори муассисаи мазкур Раҳмонов Ҷумахон Аҳмадович, ҷарроҳон Боқиев Фатҳулло ва Ҳакимзода Беҳрӯз дар якҷогӣ бо ҳамкорони хеш анҷом додаанд.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар додааст, туфайли ҷарроҳии мазкур бемор метавонад дар муддати кӯтоҳ аз бемории қанди навъи 2 шифо ёфта, ҳамзамон як андоза аз вазни изофа низ халос шавад.

“Амалиёти нави ҷарроҳӣ ба тариқи лапараскопӣ бо усулҳои миниинвазивӣ, яъне бидуни буриши зиёди ҷисми бемор гузаронида шуд”,- омадааст дар хабар.

Мутахассисони соҳа мегӯянд, ки усули нави ҷарроҳӣ бо осеби камтари ҷисм гузаронида шуда, саломатии бемор дар давраи кӯтоҳ барқарор мешавад. Бемор як-ду рӯз пас аз амалиёти ҷарроҳӣ ба хона ҷавоб дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД