formula feb 2025
Табибон давои бемориҳои саратон ва СПИД-ро ёфтанд
509

Олимон аз Донишгоҳи Стэнфорд давои бемориҳои саратон ва ВИЧ-СПИД-ро, ки то ин замон табобатнашаванда ба шумор мерафтанд, пайдо кардаанд.

Бино ба навиштаи расонаҳо доруи нав ҳам ба гирифторони намудҳои гуногуни саратон ва ҳам ба шахсоне, ки аз ВИЧ-СПИД сироят ёфтаанд, барои халосӣ аз бемориашон ёрӣ мерасонидааст.

“Пайванди EBC-46 барои халосӣ аз саратон ва ВИЧ-СПИД бениҳоят муфид мебошад”,- гуфтаанд олимони Донишгоҳи Стэнфорд.

Айни замон давои навро дар гирифторони касалии саратон санҷида истодаанд ва рӯзҳои наздик таъсири онро ба сифати иммунотерапия дар шахсоне, ки ба ВИЧ-СПИД гирифторанд, месанҷанд. Дар сурати бомуваффақият гузаштани озмоиш ин дору дар олами тиб инқилоби ҳақиқӣ барпо мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД