arzon replenishment
Табиби тоҷик дар Кувайт соҳиби медали тилло шуд
27.02.2025
Oila.tj
516

Дотсенти кафедраи бемориҳои дарунии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гулнора Ҳоҷиева дар як намоишгоҳи байналмилалӣ соҳиби медали тилло шудааст.

Гулнора Ҳоҷиева барои ихтирооти «Маҷмуи гиёҳҳои шифобахш-Чордору» дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик (IIFME) медали тилло ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, ки Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони Шарқи наздик дар давлати Кувайт доир гардида, дар он аз 44 давлат ихтироъкорон иштирок кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки чунин намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамасола доир мегардад. Соли гузашта ин намоишгоҳ 12-15-уми феврал баргузор шуда, дар он аз 43 давлати ҷаҳон намояндагон бо 169 ихтироъ иштирок карда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД