Дар Душанбе қалби Туман Ризоев як табиби шинохта аз тапидан бозмонд.
11-уми октябри соли равон боз як инсони хирадманд, оқилу заминӣ, табиби дараҷаи олӣ, бо дили меҳрубон ва муносибати поквиҷдонона ба беморон ва уролог-андрологи маъруфи тоҷик Ризоев Туман Ахмедович дар синни 82-солагӣ аз олам даргузашт.
Ба туфайли фаъолияти ӯ бисёр оилаҳо падару модар шуданд ва беморони зиёд барои тӯҳфаи саломатӣ аз ин шахсияти дӯстдори касбу кори хеш миннатдоранд.
Табиби кордон, дӯсти вафодор, шавҳару падари меҳрубон ва бобои ғамхор то охири умр ҳамеша омода буд, ба ҳар касе, ки ба ӯ ниёз дорад, кӯмак кунад.
То лаҳзаҳои охирин Туман Ризоев ба ҷойи кор мерафт, ба беморону дармондагон маслиҳат медод ва сайъ менамуд, ки ба оилаҳо хурсандӣ оварда, хушҳолӣ бахшад. Акнун хотираи дурахшони ин шахсияти барҷаста ва табиби ҳозиқ дар дили мо абадӣ боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, Ризоев Туман Ахмедович 10-уми марти соли 1941 таваллуд шудаааст. Солҳои 1961-1967 дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил карда, соҳиби ихтисоси духтури муолиҷавӣ шудааст.
Солҳои 1971-1973 дар шуъбаи ординатураи клиникии Донишкадаи давлатии тиббӣ аз рӯи ихтисоси уролог таҳсил намуда, барои баланд бардоштани ихтисосаш борҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузаштааст. Ҳамзамон, соли 1982 да шаҳри Санкт-Петербург дар самти андрология такмили ихтисос кардааст.
Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТҶ ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони маҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуда, дар таҳаммули ин фоҷиа барояшон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд. Бигзор ҷойи Туман Ризоев равзаи биҳишт ва руҳашон ҳамеша дар оромиш бошад.