arzon replenishment
Таби кӯдак баланд шуд, модар бояд чӣ кор кунад?
972

Кӯдаке нест, ки боре ҳам таб накунад ё бемор нашавад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, кӯдакону наврасони то 16-сола нисбат ба калонсолон панҷ маротиба бештар таб мекунанд.

Баландшавии ҳарорати бадани фарзандашон волидонро сахт ба ташвиш меорад. Онҳо аз он ҳарос доранд, ки мабодо бар асари таби баланд кӯдак ба шайтоналамиш-судороги гирифтор шуда, фалаҷ нашавад ё ба ягон бемории дигар гирифтор нагардад. Барои он ки чунин ҳодисаҳои нохуш рӯй надиҳанд, кӯдаки таб доштаро дуруст нигоҳубин кардан лозим аст.

Чаро ҳарорати бадани кӯдак баланд мешавад?

Бояд гуфт, ки худи таб беморӣ нест. Баланд шудани ҳарорати бадан як навъ аксуламали организм ба ин ё он беморӣ мебошад, яъне бо ҳамин роҳ ҷисми кӯдак аз сар шудани ягон касалӣ хабар медиҳад. Бештар кӯдакон бо сабаби бемориҳои синусит, пневмония, менингит ва инфексияҳои роҳҳои пешобгузар таб мекунанд.

Нигоҳубини дуруст ҳангоми баландшавии ҳарорати бадан

Барои он ки кӯдак аз баландшавии ҳарорати бадан зиёд азият накашад, модар бояд фарзандашро дуруст нигоҳубин намояд. Ҳарорат дар хонае, ки тифл бо табби баланд хобидааст, набояд аз 20 0 С4. баландтар бошад.

Барои он ки тифл бароҳат бошад, ҳавои хонаро тез-тез тоза кардан лозим аст. Фаршро бояд бо латтаи тар пок кард, то ки намнокии хонаи хоби кӯдакро таъмин намояд.

Реҷаи бистариро риоя намоед

Аксари кӯдакон ҳатто ҳангоми таб кардан низ шӯхию бозии худро давом медиҳанд, вале модар набояд ба ин роҳ диҳад. Вақте ки кӯдак давутоз мекунад, ҳарорати баданаш баландтар мешавид, бинобар ин, реҷаи бистариро ҳатман риоя кардан лозим. Нагузоред, ки фарзанди шумо ҳангоми беморӣ дар хона ё рӯйи ҳавлӣ давида гардад.

Хӯроки кӯдаки таб дошта

Ҳангоми ҳазми ғизо ҷисми кӯдак аз худ энергияи зиёдеро хориҷ мекунад ва баданаш гарм мешавад. Аз ҳамин хотир ба кӯдаки таб дошта хӯрокҳои сабук ва зудҳазмшаванда додан лозим аст. Беҳтараш то фаромадани табби кӯдак хӯрокҳои сергӯшт ва равғанин надиҳед.

Об ва нӯшокиҳо

Вақте ки кӯдак таб мекунад, ҳамроҳи арақи бадан моеъи зиёде аз ҷисмаш хориҷ мешавад. Барои он ки ҷисми тифл бо мушкили беобшавӣ рӯ ба рӯ нагардад, ба ӯ тез-тез об додан лозим аст. Метавонед ба кӯдак оби оддӣ, чойи ширгарм, морс, компот ё оби минералӣ диҳед. Додани обҳои газноки рангоранг аз қабили кола, фанта ва ғайра ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадани кӯдак қатъиян манъ аст.

Барои паст кардани ҳарорат чӣ бояд кард?

Ба кӯдакон, махсусан ба тифлакони то яксола бе иҷозати духтури кӯдакона дорӯ додан мумкин нест. Ҳарорати бадани тифл чандон баланд набошад, метавонед ба баданаш танҳо оби ширгарм бимолед. Табби кӯдак аз 38-39 дараҷа баланд бошад, парацетамол ё ба ҳамин монанд давои дигари пасткунандаи табро додан мумкин аст.  

Ба кӯдакони хурдсол барои паст кардани таб доруҳои обакӣ додан беҳтар аст, чунки ба тифлакон хӯрондани ҳаб-таблетка душвортар буда, на ҳамаи кӯдакон доруи талхро фурӯ мебаранд. Ба тифлакони то 3 сола шамъча-свеча гузоштан беҳтар аст.

Ба духтур муроҷиат кунед, агар....

Дар сурати паст нашудани ҳарорати бадани кӯдак дар давоми 24 соат ҳатман ӯро ба назди духтур бурдан лозим аст. Табиб ташхисҳои заруриро анҷом медиҳад ва сарчашмаи бемориро пайдо карда, табобат мефармояд. Табобати фармудаи духтурро ҳатман гирифтан лозим аст, то ки беморӣ авҷ гирифта, ҳоли тифл бадтар нашавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД