Formula novemver 2024
ТАБАССУМИ БАХТ (ҚИСМИ 2)
04.05.2021
Дилошӯб
2941

ИДОМААШ...

-Наход дар як бонки бонуфуз ҳамин қадар маош диҳанд а? Ту маошатро аз ман пинҳон мекунӣ, нисфашро ба падару модарат медиҳӣ, ман нағз медонам. Минбаъд ғайри пуле, ки ба ман медиҳӣ, ҳар субҳ ба ҳеварат роҳпулӣ медиҳию боз ҳар охири моҳ ҳашт килло гӯшт мехарӣ,- қарор баровард хушдоманам.

Ман бори аввал дар шаш моҳ ҷуръат карда, ба вай ҷавоб гардондам:

- Очаҷон, ман дар бонк як вазифи хурд дорам ва ҳамагӣ як ҳазору ҳаштсад сомонӣ маош мегирам. Баъд барои роҳу хӯроки нисфирӯзӣ ба ман пул лозим, ман наметавонам ин фармонатонро иҷро кунам. Хушдоманам қиёматро дар сарам қоим кард.

-Ту ба ман гап мегардонӣ?! Э илоҳӣ сиёҳпича мурӣ, ман говам ва намедонам, ки бонк чӣ қадар маош медиҳад?! Волидони гадои ту ҳоло ҳам аз ту пул мегиранд, барои ту як ҷиҳози хуб нахараиданд, ту русиёҳи манҷалақӣ…. Ӯ ба ҳамаи ин китифо накарда, кафгирро гирифта, се чорта дар китфонам зад. Шавҳарам аз ин моҷаро бедор шуда, маро зери мушту лагад гирифт… Чун ба худ омадам, болои сарам духтурон ва модарамро дидам, аз моҷароҳо чизе нагуфта гуфтам, ки яке сарам чарх заду афтодам. Тифли батнам чормоҳа мешуд, аз ин рӯ, ба модарам чизе нагуфта, боз ба хонаам баргаштам. Хушдоманам ҳамеша келини шартномавӣ будани маро гӯшрас мекард, ту қоқи бенамудро ман ба шарте келин гирифтам, ки дар зиндаги ёварам бошӣ, барои бонкир буданат. Нафаҳмидам ту гадозод гадо мемонӣ….

Ман на гадо будам, на гадозод, тарзи зиндагӣ ва хӯрдану пӯшидани мо садҳо баробар аз ин оила хуб буд, вале чӣ ҳам мегуфтам. Зиндагиям нашиканад, фарзандам бепадар намонад, аммо шавҳарам бераҳмтар аз модараш баромад.

                               Ҷудоиро ман накардам….

Зиндагиям тоқатфарсо буд, модарам аз нигоҳам инро пай барад ҳам, ман ба вай сир бой намедодам.То он рӯзе, ки шавҳарам баъди «намоишнома»-и навбатии модараш гуфт:

-Оча, хубат мешавад! Намондӣ, ман духтари дӯстдоштаамро гирам, вай низ муаллимаи забони хориҷӣ буд ва аз ин дида, зиёдтар пул кор карда меовард. Аммо ту ин бонкир аст, пули зиёд меёбад гуфта, кори мехостагиятро кардӣ, ҳамроҳи холаам. Ман дар паҳлӯи ин хобида наметавонам, дилам мешӯрад, пӯсту устухони холӣ, ягон назокати занона надорад!

Хушдоманам ба хонаи хобаш даромада, дарашро қуфл кард ва ман назди Акбар рафта гуфтам:

-Ақаллан хотири тифли ба дунё наомадаатро намекунӣ? Ё дилат ин қадар накашад, пас талоқамро деҳ, меравам. Акбар аз ин гапҳои ман бадтар ба хашм омада, ба унвони ману модарам ва тифли батнам ҳақоратҳои фаҳшу гӯшношуниде фиристод. Ман дигар тоқат накардаму бо ҳамон куртаи хонапӯшиям хонаи «бахт»-амро тарк кардам…

Касе аз пасам наомад, танҳо баъди ба дунё омадани духтарам шавҳарам занг зада гуфт:

-Агар аз ману зиндагият умед дошта бошӣ, кӯдакатро гирифта, хона биё ва «декрет»-пулиятро ба ман деҳ, мошинамро фурӯхта, як опел мехарам….

Баъд барои он ки алимент насупорад, аз духтараш тариқи қонунӣ даст кашид.

Шояд хонандаи азизи ҳафтавори «Оила» гумон кунад, ки ман як зани безебам?! Не, ман ҷавонзани қоматбаланди лоғарандоми зебо ҳастам, шояд ба шавҳарам маъқул набудам, зеро ӯ каси дигарро дӯст медоштааст. Аммо шарт буд хусуру хушдоман ва холаи шавҳарам маро қурбони чизпарастии хеш гардонанд? Оё зиндагӣ шартномавӣ мешавад?!

Имрӯз дилам аз ҷинси мард мондааст ва мақсад дорам боқии умрамро сарфи духтараки ягонаам кунам, боз Худо медонад….

                                                

                                                                               Рамзия

                                                                          Таснифи Дилошӯб        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД