Моҳи рамазон моҳест, ки чун сари ҷонамоз мешинӣ ва бо Худованди худ роз мегӯӣ, гузаштаат чун навори кино пеши назарат ҷилвагар мешавад. Чор сол мешавад, ки новобаста аз моҳу рӯз чун сари саҷҷода менишинам, гиря гулӯгирам мекунад ва саволҳои зиёд дар зеҳнам чарх мезананд, барои кадом гуноҳам маро бадбахт карданд?
Хонаамро вайрон ва духтаракамро, ки ҳоло ба дунё наомада буд, зиндаятим сохтанд? Оё тамоми чизи дунё ба як қатра ашки зан ва табассуми шири кӯдак меарзида бошад?
Боз имшаб ба чеҳраи духтаракам, ки акнун гапдонаку ғамбарорам гаштааст, нигариста варақҳои фарсудаву аз оби чашм зарди тақдирамро тагорӯ кардам ва дар дилам хоҳише пайдо шуд…
Навиштани ин қиссаи талх, шояд он сабақе гардад ба инсонҳои чизпараст?
Оилаи зиёӣ
Ман дар оилаи зиёӣ ба дунё омада, ба воя расидаам, волидонам омӯзгоранд, хешу таборонам низ аз пушти ин пеша нон хӯрдаанд. Ману додаракам дар муҳити пур аз фазлу одоби хонаи падарӣ ба воя расидаем. Барои мо дар ҷойи аввал одобу маърифату хушзабонию дигару дигарҳо меистод, на пулу чизи дунёӣ, ҳамин гуна тарбия гирифтаем. Падарам бо гузашти солҳо тарки пешаи омӯзгорӣ карда, ба кори дигар гузаштанд, зиндагии шоистае доштем. Ману додарам хуб мехондем ва пасопеш мактабро хатм карда, бо саводи худ ба донишгоҳҳои бонуфузи кишвар дохил шудем.
Ҳамеша банди хондан будам ва ба ҷавононе, ки аз ишқ мегуфтанду аз қафоям кашола мешуданд, аҳамият намедодам. Солҳои ба қавле тиллоии донишҷӯйӣ пушти сар шуданду ман бо донишу малакаи худам корманди бонк шудам. Дар бонки шахсие тариқи озмун ба кор пазируфта шудам, аз ин рӯ, ба он касоне, ки мегӯянд бе «таға» пеш намеравӣ, гуфтаниям:-Агар аз худат боварӣ дорӣ, ҳама кор мешавад!
Хушдорони зиёде доштам, аммо мехостам шавҳари ояндаам маро хуб дарк кунад ва монеи кору фаъолиятам нагардад ва ҳамин гуна ҷавон пайдо шуд…
Табассуми бахт
Дар наздикии хонаамон дӯконе буд, ки ҳар гуна маводи хӯрокворӣ мефурӯхт. Дӯкондор зани сатрдори миёнсол ба ман хеле меҳрубон буд, баъзан аз кор баргашта, қаймоқ, нон ё ягон намуди ширинӣ мегирифтам ва ӯ маро ба сӯҳбат мекашид. Баъдтар фаҳмидам, ки ӯ маро барои ҷиянаш келин гирифтанӣ будааст. Хостгорон омаданд ва падару модарам баъди сӯҳбати дуру дароз раво диданд, ки мо ҷавонон аввал вохӯрем. Домодшаванда рӯзи вохӯрӣ бо мошини сафеди зебои хориҷӣ омада, ману модарамро гирифта, ба тарабхона бурд, модари ӯ низ буд. Ману Акбар дар як миз ва волидонамон дар мизи ҷудогона як соат сӯҳбат кардем. Акбар гуфт, ки ба вай духтарони «деловой» маъқуланд, зан низ бояд якҷоя бо шавҳар бори зиндагӣ кашад ва ғайраву ҳоказо… Аз рӯйи нақлҳояш Акбар низ дар бонк кор мекардааст. Акбар ҷавони зебо набошад ҳам, ситорагарму қоматбаланд буд, боз фикрпш дар бораи занҳо ба ман маъқул шуд ва баъди гузаронидани маъракаҳои пеш аз тӯйи ҷашни арӯсии мо баргузор гашт. Тӯйи мо дар тарабхонаи зебое бо иштироки беҳтарин ҳофизону ширинкорон хеле бошукӯҳ гузашт, аммо…
Эродҳои хушдоман
Ба хонаи бахтам қадам ниҳода фаҳмидам, ки хушдоманам зани дуюми хусурам будааст, вай корманди ҳукумат буду дар зодгоҳаш зану фарзанд дошт. Аз хушдомани ман бошад, ду писар, ҳеварам донишҷӯ буд ва мо дар як хонаи танги дуҳуҷрагӣ зиндагӣ мекардем. Хушдоманам аз рӯзи аввал маро зери тозиёни эроду таънаву бадгӯӣ гирифт.
-Наход ҳамин гуна «посуда»-ро харӣ а? Дар ин гуна табақу коса бомжҳо ҳам хӯрок намехӯранд, ҳоло дар мӯд «посуда»-ҳои нигинадор,- табақу косаи овардаи маро бо нӯги панҷаҳои пояш як тараф карда, гуфт ӯ. Ман хомӯш онҳоро бардошта бурда, дар сандуқ гузоштам, зеро хушдоманам баръало ба ман фаҳмонд, ки онҳоро ба пеши меҳмонҳо бурдан айб аст. Баъд қолину рахти хобу тамоми чизи овардаамро арзонбаҳову «мусор» унвон дод, ман чизе нагуфтам. Хушдоманам хомӯшии маро дида, бераҳмтар мешуд.
Субҳи барвақт аз хоб хеста, наҳорӣ тайёр мекардам, хонаву дарро тамиз намуда, баъд ба кор мекарафтам. Бегоҳ аз кор баргашта, пешбандакро мебастаму ғизои шом тайёр мекардам. Рӯзҳои аввали ба кор баромаданам хушдоманам ба ман фаҳмонд, ки маошамро оварда, ба дасти вай диҳам. Дар хона танҳо ман кор мекардам, зеро шавҳарам пеш аз тӯй ба ман дурӯғ гуфта будааст, вай донишгоҳро дар риштаи бонкдорӣ тамом карда бошад ҳам, кор намекард, хусурам ба вай мошин харида додааст, ки таксӣ зада зиндагияшро пеш барад. Аммо ӯ то нисфи рӯз хоб мерафт, кай таксӣ мезад, ман намедонам. Хусурам дар як ҳафта чор рӯз дар хонаи мо буд ва ғайри ду нон чизе намеовард, ман маошамро гирифтаму дусад сомонияшро барои роҳпулӣ монда, боқимондаашро ба дасти хушдоманам додам. Аммо як ҳазору шашсад сомон дар як моҳ барои ин зани чизпараст кам буд магар, ки роҳи дигари хун кардани дили манро ёфт. Ӯ аз зери нохун чирк кофта, диламро сиёҳ кардан мегирифт, шавҳарам ин ҳамаро нодида мегирифт, медидам, ки Акбар ба ман меҳр надорад. Шабҳо пичир-пичир бо ким кӣ гап мезад, дилам ҳамеша сиёҳу табъам гирифта буд…
Келини шартномавӣ
-Наход дар як бонки бонуфуз ҳамин қадар маош диҳанд а? Ту маошатро аз ман пинҳон мекунӣ, нисфашро ба падару модарат медиҳӣ, ман нағз медонам. Минбаъд ғайри пуле, ки ба ман медиҳӣ, ҳар субҳ ба ҳеварат роҳпулӣ медиҳию боз ҳар охири моҳ ҳашт килло гӯшт мехарӣ,- қарор баровард хушдоманам.
Ман бори аввал дар шаш моҳ ҷуръат карда, ба вай ҷавоб гардондам:
- Очаҷон, ман дар бонк як вазифи хурд дорам ва ҳамагӣ як ҳазору ҳаштсад сомонӣ маош мегирам. Баъд барои роҳу хӯроки нисфирӯзӣ ба ман пул лозим, ман наметавонам ин фармонатонро иҷро кунам. Хушдоманам қиёматро дар сарам қоим кард.
Давом дорад...