Сюрприз барои сокинон: дучархаи 6-метра
13.12.2025
Oila.tj
114

Ихтироъкори маъруф Игор Баронас барои сокинони Санкт-Петербург сюрприз омода кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар кӯчаҳои шаҳр ба зудӣ дучархаи азиме бо баландии 6 метру 43 сантиметр ба назар мерасад.

Ҳоло бошад, ӯ мардумро бо дигар корҳои худ дар ҳайрат мегузорад. Дар асри XIX чунин дучархаҳо барои фурӯзон кардани чароғҳои газӣ истифода мешуданд. То имрӯз дар коллексияи Баронас тақрибан сад навъи дучархаи нодир мавҷуд аст. Баронас мегӯяд, дучархаи навбатии ӯ, ки баландии 6,43 метр хоҳад дошт, ҳатто то тирезаи ошёнаи сеюм мерасад.

Ин дучархаи бузург бо номи «Барони Сурх», ки ба шарафи халабони Ҷанги якуми ҷаҳонӣ гузошта шудааст, баъди озмоиш ҳатман ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД