Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.
Дар барқия гуфта мешавад: «Ҷаноби Президент, хабари фоҷеабори талафоти зиёди ҷонӣ бар асари садама ва суқути ҳавопаймои мусофирбар ва чархболи низомӣ дар фазои Вашингтон боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям».
Ёдрас мешавем, ки шаби 29-уми январ ҳавопаймои ширкати ҳавонавардии American Airlines, ки ба Вашингтон парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи ба номи Роналд Рейган дар фазо бо вертолёти ҳарбӣ бархӯрда, суқут кард. Аз 60 мусофиру 4 нафар ҳайати экипажи самолёт ва 3 нафар ҳарбиёни дар вертолёт буда касе ҷон ба саломат набурдааст.
Ҷасади қисме аз қурбониёни фалокатро аз об берун овардаанд. Ҷустуҷӯи қурбониёни дигари суқути ҳавопаймо идома дорад.