formula
СУТ САННАИ СОХТАНИ ВАКСИНАИ КОРОНАВИРУСРО МУАЯН КАРД
3418

Директори Барномаи СУТ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ Майкл Райан зимни суханронӣ вақти ба даст овардани ваксинаи зидди коронавирусро эълом намуд.

Изҳороти мазкур ҳангоми суханронияш тариқи саҳифаи Twitter-и СУТ пахш шудааст.

Ба гуфтаи Райан, ин кор на барвақттар аз нимаи аввали соли 2021 имконпазир хоҳад шуд. Вай аз пешрафтҳо дар самти коркарди ваксина ёдовар шуд, аммо даъват кард, ки дар мавриди муҳлати дастрасӣ ба ин дору воқеъбин бояд буд.
Мутахассис изҳор доштанд, ки СУТ аз болои он кор мекунад, то ки ваксина ба ҳамагон дастрас гардад. «Ваксинаҳои зидди ин пандемия хоси сарватмандон ё камбизоатон нест, онҳо бояд ба ҳама дастрас бошанд», — зикр намуд Райан.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД