Салом! Ман 28-сола ҳастам ва фарзанди сеюмамро интизорам. Ду духтарча дорам, духтурҳо мегӯянд, ки тифли батнам писар аст, вале ман ба бемории сурхакон гирифтор шудаам. Ростӣ, айни замон шавҳарам бекор аст ва имконияти табобат гирифтан надорам. Мегуфтед, ки сурхакон то кадом андоза барои тифли дар батни модар буда хавфнок аст?
САФАРГУЛ, аз шаҳри Бохтар
Посух:
- Маъмулан дар давраи кӯдакӣ ба сурхакон гирифтор мешаванд, вале баъзан одамони калонсол низ ба ин касалӣ дучор мегарданд. Зан дар тифлӣ ин бемоирро аз сар нагузаронида бошад ва ҳангоми ҳомиладорӣ ба сурхакон гирифтор шавад, бисёр хатарнок аст. Сурхакон тифлро дар батни модар ба менингит, катаракта ва иллатҳои дил гирифтор карда метавонад. Яке аз сабабҳои асосии бо нуқсони шунавоӣ, яъне кар ба дунё омадани тифлакони навзод низ сурхакон мебошад.
Аз ҳамин хотир, мо ба шумо маслиҳат медиҳем, ки саломатии худ ва тифли батнатонро дар хатар нагузошта, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед ва табобати фармудаи табибонро ба пуррагӣ бигиред, то ки беморӣ оризаҳои дигарро ба бор наорад.