Ман бо ҳарфи форсӣ наметавонам Қуръон хонам. Мегуфтед, ки оё дар намози таҳаҷҷуд сураи Ёсинро аз рўи хатти кириллӣ хонам ҷоиз аст?
Ҷамшед, н. Шаҳритус
Дар хатти кириллӣ баъзе махраҷҳои ҳарфҳо ба қоидаи қуръонхонӣ ҷавобгў нест. Бинобар ҳамин Шумо кўшиш кунед, ки аз Қуръони арабӣ ёд гиред.
Инчунин қайд бояд кард, ки мувофиқи мазҳаби ҳанафӣ аз рўи хат хондан танҳо дар намозҳои нофила дуруст аст, аммо дар намозҳои фарзу воҷиб манъ аст.