arzon replenishment
Султон Сулаймонро ба зиндон маҳкум карданд
631

Халит Эргенч, ҳунарпешаи маъруфи турк, ки дар силсилфилми машҳури “Асри тиллоӣ” нақши Султон Сулаймонро бозидааст, ба зиндон маҳкум шуд.

Тавре Агентии Anadolu хабар додааст, суд ин актёри машҳурро ба додани шаҳодати бардурӯғ ҳангоми тафтиши эътирозҳо дар Боғи Ғаза дар соли 2013 гунаҳкор намудааст.

Суд ҳунарпешаро ба ду солу се моҳи зиндон маҳкум намуд, вале ҳангоми таъин кардани ҷазо судя доғи судӣ надоштан ва рафтори намунавии Халит Эргенчро ба назар гирифта, муҳлати ҳабсро то 1 солу 10 моҳ ва 15 рӯз кӯтоҳ кард.

Ҳунарпеша гуфта буд, ки бо айбдоршавандагони парвандаи эътирозҳо шинос нест, вале тафтишот 12 далели ошноии ӯро бо Маҳмад Алӣ Алабара ошкор намудааст. Новобаста ба ин далелҳо худи ҳунарпеша гуноҳашро эътироф накардааст.

Эътирозҳои оммавӣ дар Туркия охири моҳи майи соли 2013 бо аксияҳои осоишта дар Истамбул оғоз ёфта, иштирокчиёни намоиш талаб карданд, ки тасмими буридани боғи Ғаза дар маркази шаҳр бекор карда шавад. Аммо мақомот ин гирдиҳамоиҳоро бераҳмона пароканда кард. Бетартибиҳо ба шаҳрҳои дигари Туркия гузашта, иштирокчиён истеъфои ҳукумати сарвазир Реҷеп Тайип Эрдоганро талаб карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД