Маҳсулоти лозима:
100 г малина, 150 мл шир, 10 г желатин, 80 г фалла (творог), шакар мувофиқи табъ.
Тарзи таҳия:
Желатинро дар шири гарм тар карда, муддати 10 дақиқа нигоҳ дореду баъдан омезиш диҳед. Малинро бо фалла омезиш дода, сафедиҳои тухмро дар алоҳидагӣ лат занед. Ба малинаи фалладор шири желатиндоштаро илова карда, дар алоҳидагӣ лат занед. Боэҳтиёт ба он сафедиҳои тухм ва шакарро илова карда, маҳлули ҳосилшударо ба даруни қолабчаҳои махсус ҷойгир намоед. Суфлеро дар яхдон чанд соат нигоҳ доред.