goodwell
Суди Олӣ низоми электронии «E-COURT»-ро рушд медиҳад
21.07.2026
Oila.tj
110

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард, ки барои рақамикунонии фаъолияти мақомоти судӣ татбиқи низоми электронии «E-COURT» идома дорад.

Бино ба иттилои раиси Суди Олӣ, гурӯҳи корӣ барои рушди ҳукумати электронӣ, такмили бахши коргузории судҳо ва густариши экосистемаи рақамии мақомоти судӣ фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи масъулон, барномаи «E-COURT» имкон медиҳад, ки раванди ҳуҷҷатгузорӣ пурра ба шакли электронӣ гузаронида шуда, назорат, арзёбӣ ва таҳлили фаъолияти кормандон шаффофтар гардад.

Таъкид шуд, ки ин тадбирҳо дар доираи иҷрои Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия барои солҳои 2025-2030 амалӣ гардида, роҳбарияти Суди Олӣ тасмим гирифтааст фаъолияти минбаъдаи худро пурра ба низоми рақамӣ мутобиқ намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД