Formula novemver 2024
Суғд: То 56 солагӣ дар маҳбас
693

 

Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд мардеро барои лату кӯби бераҳмонаи ҳамсараш, ки зарби лату кӯб ба ҳалокат расида буд, 20 сол равонаи зиндаон карда шуд.

Акпар Шарифӣ, котиби матбуоти РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар гузоришаш қайд кардааст, ки тафтиши парвандаи ҷиноии ин ҳодисаи даҳшатборро Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд дида баромдааст.

           То 56 солагӣ дар паси панҷара...

Тафтишоти парвандаҳо муайян мекунад, ки омили муноқиша, расонидани зарар ба саломатӣ ва ҳатто куштор дар аксар маврид бо сабабҳои хеле ночиз сар мезанад.

Ҳодисае, ки дар пай куштор ва мард равонаи зиндон гашт, бо сабаби ночиз рух додааст. Бино ба иқтибосҳои парвандаи судӣ марҳум ҷавонзан 27 сол дошта бо ҳамсараш ҳафт сол зиндагии муштарак доштаанд ва тӯли ин солҳо онҳо фарзанддор нашуда буданд. Якуми августи соли равон зану шавҳар ба мағоза мераванд. Баъд аз харид, зан аз мағоза баромадани шавҳарашро интизор нашуда ба хона бармегардад. Мард аз ин амали ҳамсараш ба ғазаб омада, вақти ба хона баргаштан ӯро бераҳмона мезанад ва ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ мерасонад. Тавре марди занкуш дар навор ҳодисаро нақл мекунад, “вақте занашро чанд мушт мезанад марҳум ба замин меафтад ва аз ҳуш меравад. Мард тарсида барои ӯро ба ҳуш овардан кушишҳо мекунад, аммо бенатиҷа. Нарзуллоев бо хушдоманаш якҷо ҷабрдидаро ба беморхона мебаранд, аммо баъди чанд соат мурдааст”.

Ин ҳукм рӯзе қабл содир шуд, ки марди занкуш- Нарзуллоев   Баҳоваддин Баҳриддиночиви 36 соларо ба муҳлати 20 сол паси панҷара маҳбас кашонид. Ин мард дар ҳолати саршухӣ, ки мастиро бадтар аз девонагӣ мегӯянд, ҳамсари 27-солааш- Уғулой Пулотоваро латукуби шаддид карда ба қатл расонидааст.

Барои куштори ҳамсар Баҳриддинович тибқи моддаи 104 қисми 2 КҶҶТ (одамкушӣ) Баҳоваддин Нарзуллоев 20 сол равони маҳбас гардид.

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД