Хулоса тӯй бо тамоми санъаташ гузашту арӯс дар шаби аввал нодухтар баромад. Субҳон чунон зиқ шуд, ки хост худро ба дор овезад.
Аммо аз Худо тарсиду ба ҳеҷ кас ин гапро нагуфт, чунки арӯси интихобкардаи худаш буд. Арӯс баъди ду як ҳафта кор баромаду кору рафтораш дигаргун шуд. Бегоҳиҳо дер ба хона меомад бо баҳонаи серкорӣ, ба инаш ҳам Субҳон чашм мепӯшид.
Онҳо баъди 1 соли оиладорӣ фарзанддор шуданд. Соро нахустфарзандашонро Амирмухтор ном ниҳода ӯро бо меҳрубонӣ нигоҳу бин намуда, калон мекард. Аз байн чанде гузашт, Соро ҳис кард, ки боз дубора ҳомила аст. Ин фарзандашро аллакай рафта гирифтан мехост чунки фарзандаш алҳол майда буд. Баъде, ки Субҳон инро шунид, нахост ва нагузошт ки занаш ин корро кунад. Бигзор хурд ҳам бошад писарамон, ту ин фарзандро ба дунё меорӣ вагарна даф мекунам гуфт, Субҳон. Хулоса Соро ноилоҷ розӣ шуда интизори тавлиди писараш шуд. Субҳон акнун оилаамон калонтар мешавад чӣ гуна маблағ ба даст орам гуфта ба фикр фурӯ рафт. Маоши ночизи ман ба оилаам намерасад. Маҷбур шуда мошинашро гирифта таксӣ карду шабона ҳатто ба хона наомада, дар кӯча рӯзашро шаб мекард. То зану фарзандонаш аз чизе танқисӣ накашанд.
Баъди 7 моҳ боз як писарчаи дигар ба дунё овард. Модари Соро ба назди Субҳон омада аз ӯ себанчапулӣ гирифта ба ӯ хабари хубро расонд. Субҳон аз шодӣ намедонист чӣ кор кунад.
Дугонабоз
Ба хонаи Соро ҳар рӯз дугонаҳояш хабаргирӣ меомаданд, Субҳон ҳайрон шуда мегуфт, ки инҳо кистанд. Ман онҳоро бори аввал мебинам. Дугонаҳоям, ҳамкорҳоям гуфта пичинг кард. Бо баҳонаи дугонабозӣ шабу нисфишаб ба хона меомад. Забонаш дароз буд, ки агар бовар накунӣ, бгир ба рақамҳои дугонаҳоям занг зада пурс. Яқин буд, ки маслиҳат намуда меомад, ки мабодо шавҳари ман пурсид шумо гапи гуфтаи маро гуед.
Соро ҳар рӯз барои кам овардани маблағ бо Субҳон хархаша мебардошту зару зевар бароям бихар гуфта дод мезад. Маблағе, ки бо азобу машаққат шавҳараш ба даст меовард, мисли барги бед сарф мекард.
Садамаи ногаҳон
Рӯзе саҳари барвақт хеста хост ба кор барояд, аммо занаш бо ӯ боз ҷангу ҷанҷол бардошт, бо асабҳои хароб аз хона баромада ба шаст мошинро ронда ба мошине бархӯрд. Падару модар ва зану фарзандонаш хабар надоранд, ӯ дар як беморхона вазнин хоб буд. Соро то саҳар мижжа таҳ накарда шавҳарашро интизор шуд, аммо аз ӯ ягон гапу хабар ҳам набуд.
Баъди 3 рӯз ҷӯраи Субҳон омада ба онҳо хабар дод, ки писарашон дар беморхона аст. Хулас субҳон дар беморхона 10 рӯз хоб карду ба хона рафт, зеро пояш шикаста буду бояд 1 моҳ бистарӣ мешуд.
Ҳамагӣ 1 ҳафта Субҳон дар хона хоб кард, тоқати Соро тоқ шуду ҳаррӯз шӯру мағал мебардошт. То кай хоб мекунӣ латта бас будагист хоб кардан. Ман маҷбур мешавам, ки худам кор бароям. Чӣ гуна ман фарзандонамро хӯронаму пӯшонам. Субҳон гуфт, ки камеи дигар интизор шав поям дуруст шавад боз кор мебароям.
Соро субҳи барвақт аз хона баромада кор мекунам гӯён рафт. Кӯдаконашро ба боғча бурда монду шавҳари беморашро дар хона гузошта рафт.
Корхона ё фоҳишахона
Хулас бегоҳ дастонаш пури меваю сабзавот барои писаронаш канду шоколад оварда хурсанд ба хона даромад. Субҳон ҳайрон шуд, ки дар як лаҳза занаш аз куҷо кори даромаднок пайдо кардааст. Ба фикр фурӯ рафта аз ӯ пурсон шуд. Соро ҷавоб дод, ки дар як мағоза бо дугонааш ба ҳайси фурӯшанда кор мекунад.
Ҳар рӯз ин кор такрор мешуд, Субҳон тоқат кард то пояш соз шавад. Як моҳ гузашту оқибат пои Субҳон соз шуду аз ҷой бархосту ба худ қавл дод, ки ҷойи кори занашро мебинад. Чунин ҳам шуд саҳар занашро бурда дар мағозае, ки кор мекард монду баъд худаш аз паси кор рафт. Як занро аз тарафи бозори Шоҳмансур шинонда борҳояшро то дари хонааш бурда дод. Он зан Субҳонро ба хона даъват карда, гуфт ки Таклифро рад накарда ба хона даромада дид, ки ҳамаи хонаҳо бо рахти хоб таҷҳизонида буд. Субҳон ҳайрон шуда гуфт, ки апаи Шамсия ин ҷо чаро пур аз рахти хоб аст?
- Додарҷон агар хоҳӣ ҳозир як та чўҷаи зарин ёфта медиҳам. Желания ҳастмӣ?
Субҳон, ки бо ин корҳо машғул набуд ба фикр фурў рафт, Шамсия бошад ӯро як бало карда бо суханҳои ширин фирефта карда розӣ кунонда суратҳои арусҳоро оварда нишон дод.
Субҳон баҳазур як як ин суратҳоро аз назар мегузаронд ҳар яки духтарҳо аз якдигар зеботар буданд. Дар байни ин суратҳо....
(Идомаашро пагоҳ соати 22-00 интизор шавед!)