Салом! Ман дишаб хоб дидам, ки мурдаам ва бо ду фаришта, ки шояд Мункар ва Накир буданд, суҳбат карда истодаам. Аз ин ду фаришта ба ман ягон озор нарасида бошад ҳам, сахт тарсидам. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед!
Д. М.
Посух:
- Натарсед, хоб дидани фариштаҳо нишонаи наздик будани марг ё сар задани ягон ҳодисаи дигари нохуш нест. Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, зуҳур намудани Мункар ва Накир дар хоб фоли нек буда, гувоҳи зиндагии хушбахтонаю хурсандонаи шахси хобдида дар ҳарду олам мебошад, ба шарте, ки хобдида шахси боимон ва покдилу покниҳоду покрафтор бошад. Аммо дар хоби шахси гунаҳкор - дузд, қотил, зинокор зуҳур кардани ин ду фаришта як навъ огоҳии ҷиддӣ мебошад, ки аз роҳи хато баргашта, ба чунин амалҳои номатлуб, ки мӯҷиби гуноҳ ҳастанд, дигар даст назанад.
Мункар ва Накир симои пирона дошта бошанд, донед, ки дар гузашта ягон гуноҳи бузург содир намуда, тавба карданро аз ёд бурдаед, ҷавон бошанд, пас айни замон дар роҳи ягон хато қарор доред, ба наврас шабеҳ бошанд, эҳтиёт шавед, то минбаъд касе шуморо аз роҳи рост берун набарад.
Дар хоб худро дар ҷойи Мункар ва Накир дидан гувоҳи он аст, ки ягон мушкили шахси хобдида осон мешавад.
Одами камбағал ин ду фариштаро хоб бинад, аз қашшоқӣ раҳоӣ меёбад, зиндонӣ бошад, озод мешавад...
Бемор хоб бинад, ки ба ҷойи Мункар ва Накир гуноҳу савоби касеро навишта истодааст, бояд барои тамоми гуноҳҳои дар зиндагӣ содир кардаш тавба кунад.
Ба хоби шахси донишманд ва бохирад даромадани ин ду фаришта нишонаи давлату сарват ва расидан ба қуллаҳои баланд аст.