arzon replenishment
Стресс мӯйро мерезонад?
19.06.2019
Оила
1855

 

Занону духтарони зиёде ба идора занг зада, аз мо сабаби рехтани мӯяшонро пурсон мешаванд. Сабабҳои рехтани мӯй бисёранд ва мо дар ин бора маводҳои зиёдеро пешкаши шумо, хонандагони азиз гардонида будем. Имрӯз дар бораи таъсири стресс ва парҳез ба мӯй маълумот ҳоҳем дод.

Зан кал мешавад?
Рехтани мӯй мушкилотест, ки ҳам мардон ва ҳам занҳо ба он дучор мегарданд. Фарқият дар он аст, ки калшавии занона хубтар табобат мешавад, зеро сабабаш аксаран дар ноҷурии саломатӣ аст. Кал шудан нахоҳед, ба сабабҳои рехтани мӯй диққат диҳед!

 Сабаби якум: стресс
Пӯшида нест, ки бештар ҷавонзанон гирифтори рехтани мӯй мегарданд. Дар замони мо яке аз сабабҳои асосии рехтани мӯйи хонумҳо стресс аст. Пайваста чун одами дар нӯги сӯзан нишаста беқарор будан, муттасил аз хоб сер нашудан, хулоса асабонияти доимӣ боиси он мегардад, ки афзоиши мӯй суст шавад. Бисёриҳо ба ин гап бовар накарда мепурсанд: “Асаб ба мӯйи сар чӣ дахл дорад?!” Мушкилот дар он аст, ки ҳангоми стресс ё асабоният рагҳои хурди дар пӯсти сар мавҷудбуда танг мешаванд ва ин боиси суст гаштани ҷараёни гардиши хун ба решаи мӯйҳо мешавад.

 Бепарвоӣ накунед!
Рехтани мӯй яку якбора ба чашм намерасад, балки дар давоми чанд ҳафта ё моҳ ҳамарӯза дар шона мӯйи зиёд ҷамъ шуда, билохира боиси калшавии зан мегардад. Аз ин лиҳоз, нисбати кокулонатон бе парвоӣ зоҳир накунед. Баробари эҳсос намудани рехтани мӯйҳоятон ҳатман дар ҷустуҷӯйи дармон афтед. Мабодо шумо аз тоифаи бонувоне бошед, ки панди русии “волка кормят его ноги” бошед, фаромӯш насозед, ки аз ҳад зиёд монда шудан ва хастагии равонӣ ба саломатӣ таъсири манфӣ расонда, боиси рехтани мӯй, шикастани нохунҳо, дарди дандон, дарди нимсара, бехобӣ, пажмурда шудани пӯсти рӯй ва боз даҳҳо иллати дигар гашта метавонад.

 Сабаби дуюм: парҳез
Аксари занону духтарон бо мақсади харобшавӣ рӯ ба парҳез меоранд. Худдорӣ аз хӯрокҳои ҳархела ва гуруснагии пайваста бо резиши мӯй алоқамандии зич дорад. Ҷисми зане, ки парҳез мекунад, барои фаъолияти муътадили узвҳои дохилиаш моддаҳои муфидро гирифта натавониста, ба компютери шалақе табдил меёбад, ки ҳар лаҳза ягон иллати нав мебарорад. Барои ҷинси зан махсусан норасоии протеин, аминокислотаҳо, бета-каротин, витаминҳои С,Е, Ғ, синк ва оҳан бисёр хатарнок аст. Бофтаҳои равғанин як қатор ҳормонҳои занонаро истеҳсол мекунанд, ки барои мӯйҳо фоидабахшанд. Аз ҳамин хотир, бонувоне, ки бо мақсади харобшавӣ аз усулҳои гуногуни парҳез истифода мебаранд, дар баробари резиши мӯй, бад шудани ҳолати пӯст, дандон, тунук ва чандқабата шудани нохунҳояшонро мебинанд.

 Сабаби сеюм: бемориҳои сироятӣ
Қариб ҳар як ҷараёни илтиҳобӣ (восполительный процесс) дар ҷисм сабабгори резиши мӯй мегардад. Беҳуда нест, ки аз рӯйи солимии мӯйи сар ба саломатӣ баҳо медиҳанд. Баъди аз сар гузаронидани як қатор бемориҳо аз қабили зуком, махмалак (скарлатина), домана, пневмония ва ғайраҳо, ки бо таби баланду табларза ҷараён мегиранд, ҷисм ба худмуҳофизаткунӣ гузашта, мӯйи сар мерезад.

 Сабаби чорум: ҳомиладорӣ
Аслан ҳангоми ҳомиладорӣ мӯйҳои бонувон ғафсу зебо мешаванд. Барои он ки ҷисми зан миқдори иловагии эстрогенҳоро истеҳсол менамояд ва он ҳормонҳои мардонаро нобуд сохта, афзоиши мӯйро фаъол месозад. Пас аз таваллуд бошад, мӯйҳо ба рехтан медароянд.

 Сабаби панҷум: халалёбии ҳормонӣ
Дар ҷисми зан дар баробари ҳормонҳои ҷинсӣ боз андрогенҳои мардона вуҷуд доранд, ки ба ҳолати мӯйҳо сахт таъсир расонда ба ғизогириашон халал мерасонанд. Дар натиҷа мӯйҳо ба рехтан медароянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД