Стеванович дар бораи омодагиҳои тими мунтахаби Тоҷикистон ибрози назар кард
18.11.2025
Oila.tj
79

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович интизориҳои худро аз бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бар зидди Тимори Шарқӣ гуфт. Вохӯрии мазкур имрӯз, 18-уми ноябр дар Дарвини Австралия баргузор мешавад.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Горан Стеванович дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ гуфтааст: “Мо чанд рӯз пеш ба Дарвин омадем, то бачаҳо ба иқлими маҳаллӣ ва фарқияти вақт мутобиқ шаванд. Ду рӯзи аввал душвор буд, аммо бозигарон аллакай одат карданд. Дар мавриди рақибон, мо Тимори Шарқиро хуб мешиносем. Онҳо дар меҳмонӣ бо Филиппин қариб баробар бозӣ карда, ҳатто пешсаф шуданд. Ин даста дар ҳайати худ якчанд бозигарони тезсуръат дорад. Рақибони худро ҷиддӣ қабул мекунем ва барои бозии оянда омодагӣ мебинем. Барои дарёфти се хол ба Дарвин омадаем ва танҳо барои пирӯзӣ рақобат хоҳем кард”.

Ёдовар мешавем, ки бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18-уми ноябр дар шаҳри Дарвин баргузор гашта, соати 11:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД