Солҳои охир РЕП дар байни ҷавонон мӯд шуда, насли нави репсароён арзи ҳастӣ намуданд, ки ба ин навъи мусиқӣ навигариҳои зиёде ворид карданд.
Яке аз чунин репсарёни муваффақи тоҷик Идибек Набиев буд, ки бо тахаллуси “Стёпа” месуруд ва дар байни мухлисони РЕП маҳбубияти зиёде дошт, аммо...
Клипҳои Стёпа дар ютуб то якуним миллион тамошобин доштанд, вале аждари марг ин эҷодкори хушзавқро дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ ва парвози эҷодиаш ба нишон гирифта, риштаи умри Идибек Набиеви 21-сола ба таври фоҷиавӣ канда шуд.
Дар бораи сабаби марги ин ҷавони репсарои тоҷик дар шаҳри Маскав ҳанӯз расман ҳеҷ маълумоте нашр нашудааст, аммо Бомдод дар такя ба гуфтаҳои яке аз дӯстони Идибек навиштааст, ки рӯзи 5-июн дар яке аз фурӯшгоҳҳои Маскав лифт пойи Стёпаро пахш кардааст ва вақте ки ӯро аз лифт берун кашидаад, аллакай ҷон дода буд.
Идибек Набиев як ҷавони ба қавле “панҷ панҷааш ҳунар” буда, бар замми репсароӣ ҳамчунин дар донишкадаи забонҳо, дар риштаи забони ангилисӣ таҳсил мекард ва ба кино низ муҳаббати беандоза дошт, вале марг имкон надод, ки ин эҷодкори хушзавқи тоҷик тамоми нақшаҳои эҷодиашро амалӣ созад.
Репсароёни тоҷик аз марги Стёпа дар авҷи ҷавонӣ сахт андӯҳгин гашта, ба аҳли хонавода ва пайвандону дӯстони ин ҷавони ормонӣ ҳамдардии амиқ баён намудаанд.