Commerce bank may-june 2026
SPF чист ва чаро истифодаи он муҳим аст?
11.07.2026
Oila.tj
15

Бо фаро расидани фасли тобистон бонувон бештар малҳамҳои аз офтоб муҳофизаткунанда мехаранд, вале на ҳама медонанд, ки навиштаҷоти SPF 30 ё SPF 50 чӣ маъно дорад, чаро бо вуҷуди истифодаи чунин крем ҳам пӯст метавонад сӯзад ва оё дар рӯзҳои абрнок ё фасли зимистон низ аз он истифода бурдан лозим аст. Дар асл, кремҳои аз офтоб ҳифзкунанда ҳангоми истифодаи дуруст метавонанд хатари сӯхтани пӯст, пиршавии бармаҳал ва ҳатто баъзе намудҳои саратони пӯстро кам намоянд.

SPF нишон медиҳад, ки крем то чӣ андоза пӯстро аз таъсири нурҳои ултрабунафши навъи UVB муҳофизат мекунад. Ин нурҳо асосан сабаби сурхшавӣ ва аз таъсири офтоб сӯхтани пӯст мешаванд. Ҳар қадар рақами SPF баланд бошад, ҳамон қадар муҳофизат бештар аст, аммо ягон крем сад дарсад муҳофизат намекунад. Барои ҳамин, истифодаи SPF маънои онро надорад, ки инсон метавонад соатҳои дароз беосеб зери офтоб бимонад.

Фарқи нурҳои UVA ва UVB

Офтоб ду навъи асосии нурҳои ултрабунафш дорад. Нурҳои UVB ба қабати болоии пӯст таъсир расонида, боиси сурхшавӣ ва сӯхтани он мешаванд. Таъсири онҳо бештар дар рӯзҳои гарму офтобӣ эҳсос мешавад.

Нурҳои UVA бошад, ба қабатҳои амиқи пӯст ворид мешаванд. Гарчанде ки онҳо на ҳамеша сурхшавиро ба вуҷуд меоранд, аммо боиси пайдо шудани чинҳо, доғҳои пигментӣ ва пиршавии бармаҳали пӯст мегарданд. Ҳар ду навъи нур метавонанд ба ҳуҷайраҳои пӯст зарар расонида, хатари саратони пӯстро зиёд кунанд. Аз ҳамин сабаб беҳтар аст кремҳое интихоб шаванд, ки дар рӯяшон нишонаи Broad Spectrum мавҷуд бошад. Ин гуна воситаҳо ҳам аз UVA ва ҳам аз UVB муҳофизат мекунанд.

Кадом SPF-ро интихоб кардан лозим аст?

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки SPF 50 аз SPF 30 ду баробар беҳтар аст, аммо чунин нест. SPF 30 тақрибан 97 фоизи нурҳои UVB-ро нигоҳ медорад, дар ҳоле ки SPF 50 тақрибан 98 фоизро. Барои истифодаи ҳаррӯза одатан SPF 30 кифоя аст. Агар муддати дароз дар соҳили баҳр, кӯҳистон ё зери офтоби сӯзон қарор гирифтан дар назар бошад, истифодаи SPF 50 тавсия дода мешавад.

Одамони пӯсти сафед, доғҳои зиёди холдор, инчунин шахсоне, ки баъди амалҳои косметологӣ қарор доранд ё доруҳое истеъмол мекунанд, ки ҳассосияти пӯстро ба офтоб зиёд менамоянд, бояд ҳатман аз воситаҳои дорои SPF баланд истифода баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД