Дар нашриёти "Истеъдод" китоби Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода бо унвони "Сози Ватандорӣ" бо сифати оливу ороиши дилкаш ба тозагӣ рӯйи чоп омад.
Китоби мазкур бо дастгирии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода нашр гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои наздик китоби оҳангсоз Қудратулло Яҳёзода - "Навои қалбам" ва устод Файзалӣ Ҳасан - "Бе хоки Ватан ҳеҷам" низ чоп шуда, ба дасти алоқамандон хоҳанд расид.