Дар бозии марказии даври 14-уми Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал бошгоҳи “Соро компания”-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3 бар 2 тими “Сипар”-и шаҳри Хуҷандро шикаст дод. Вохӯрии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии “Кохи Олимп”-и шаҳри Душанбе доир шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш” дар ин рақобат легионери бразилии “Соро компания” Ҳуго Алвес Кардоза ба задани ду гол дар дақиқаҳои 31-ум ва 37-ум муваффақ шуд. Як голи дигари “Соро компания” -ро Идрис Ёров дар дақиқаи 13-ум зад. Аз ҳайати “Сипар” Агналдо Эдуардо дар дақиқаҳои 2-юм ва 20-ум муаллифи дубл шуд.
Дар бозиҳои дигари даври 14-ум “Истаравшан” бо ҳисоби 19 бар 1 “Хуҷанд”-ро мағлуб кард. “Амонатбонк” бо ҳисоби 4 бар 1 бар “Сомон” зафар ёфт. “Истиқлол” бо ҳисоби 8 бар 1 муқобили “Регар” ғалаба кард.
Бо гузораи 14 давр бошгоҳи “Соро компания” бо 33 хол садрнишини ягонаи ҷадвали умумии Суперлигаи Тоҷикистон мебошад. “Сипар” бо 17 имтиёз дар зинаи 5-ум аст.
Дар даври баъдӣ “Соро компания” бо “Пойтахт” рӯзи 16-уми феврал ва “Сипар” бо “Регар” дар ҳамин рӯз бозӣ мекунанд.