goodwell
“Соро компания” мусобиқаи Khan Cup 2026-ро бо ғалаба оғоз кард
10.07.2026
Oila.tj
81

Дастаи “Соро компания” иштироки худро дар мусобиқаи байналмилалии Khan Cup 2026 бо ғалаба оғоз намуд. Дар бозии даври аввал шогирдони Пайрав Воҳидов дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо ҳисоби 4 бар 0 тими мизбон - “Сайран Капитал”-ро шикаст доданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, аз ҳайати тими “Соро компания” Идрис Ёров дубл кард ва голҳои дигарро Рейналдо ва Ҳуго Алвес Кардозо ба самар расониданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи низомномаи мусобиқа, аз ҳар гурӯҳ танҳо дастаи ғолиб мустақиман ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбад. Дастаҳои дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қароргирифта барои ба даст овардани роҳхат ба даври навбатӣ дар марҳилаи плей-офф як бозии иловагӣ баргузор мекунанд.

Ин мусобиқа дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуда, дар он баробари намояндаи Тоҷикистон дастаҳо аз Қазоқистон, Қирғизистон, Австралия, Беларус ва Русия низ иштирок доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД