Commerc banl
«Сомон Эйр» парвозҳо дар самти Душанбе-Дубайро муваққатан боздоштааст
03.03.2026
Oila.tj
92

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе то 6-уми марти соли 2026 муваққатан боздоштааст.

Ба иттилои ширкат, ин тасмим рӯзи 2-юми март дар пайи маҳдудиятҳои ҷорӣ барои истифода аз ҳарими ҳавоӣ дар минтақаи Ховари Миёна гирифта шудааст.

«Сомон Эйр» ба мусофироне, ки дар ин давра билет доранд, тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар вазъи парвозҳоро дар сомонаи расмии ширкат санҷида, барои гирифтани маълумоти бештар бо намояндагони ширкат тамос гиранд.

Тамос барои маълумот: +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50, WhatsApp: +992 93 777 74 59.

Ширкат изҳор доштааст, ки дар сурати тағйир ёфтани вазъ, маълумоти иловагӣ пешниҳод хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД