«Сомон Эйр” парвози тайёраҳоро
ба Красноярск барқарор намуд
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 14-уми апрели соли равон парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Красноярск – Душанбе фаъол мегардонад.
Тавре ки худи ширкати «Сомон Эйр» хабар додааст, парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе бо ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 сурат мегиранд. Вақти парвоз аз шаҳри Душанбе соати 13:30, аз Красноярск соати 20:50 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст.
Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Красноярск 3 соату 45 дақиқа буда, ҳангоми бозгашт 4 соатро ташкил медиҳад.