Рӯзи 22 март дар майдони Амфитеатри шаҳри Кӯлоб ба муносибати Наврӯзи байналмиллалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Баъди суханрониҳои табрикотӣ барномаи фарҳангӣ бо иштироки сарояндагони машҳури мамлакат - Гулчеҳра Содиқова, Ҷумахон Сафаров, Гурез Раҳмон, Зиёвиддини Нурзода, Ёсамин Давлатова, Иззатуллои Мурод, ҳаҷвнигорои шинохта - Бахтиёр Раҳимов ва Ташриф Халилов аз дастаи "Ғарибшо-кампания" ва аҳли ҳунари шаҳр пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Сокинон аз ин иқдоми шаҳрдор, ки сарояндагону ҳаҷвнигорони маъруфро барои табрикашон даъват кардааст, хушнудӣ карданд ва якҷоя дар ҳавои таронаҳо дар майдони асосии чорабинӣ рақсиданд.