Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рух додани як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Варзоб хабар дод.
- 7-уми апрели соли равон як сокини 32-солаи деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб ҳангоми ҷамъоварии гиёҳҳои дорувор дар наздикии мавзеи Санги Фалахмони ноҳия аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба ҷарӣ сарозер шуд. Хушбахтона, телефони ҳамроҳ дошт ва имдодагронро ба ёрӣ даъват намуд. Барои расонидани кумак ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони навбатдори КҲФ расиданд. Онҳо бо ёрии ресмони кӯҳбароӣ ба ҷарӣ нишеб шуданд ва ба ҷабрдида ёрии аввалии тиббӣ расонданд. Баъдан ӯро бо занбари тиббӣ боло оварданд. Мавсуф бо ҷароҳати вазнин ва хуни зиёди рафта дар бемористон бистарӣ карда шуд,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки то 11-уми апрели соли равон аз рафтан ба кӯҳу доманакӯҳҳо, шикор, ғунучини ҳезуму гиёҳҳо ва чорвочаронӣ худдорӣ кунанд.