toyota motors
Сокини шаҳри Душанбе бо гумони ғоратгарӣ боздошт шуд
07.05.2026
Oila.tj
137

Кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Миргабиев Амин, сокини 23-солаи шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои ғоратгарӣ дастгир намудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда гарчанде қаблан барои содир намудани ҷинояти авбошӣ суд шудааст, аз кирдорҳои ҷиноятии худ даст накашида, дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба содир намудани ҷиноятҳои ғоратгарӣ машғул шудааст.

Зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки гумонбаршаванда дар ҳудуди кӯчаи Испечак аз чандин нафар ҷавонон бо роҳи ошкоро ва бо истифода аз зӯроварӣ телефонҳои мобилиашонро тасарруф намудааст.

Айни замон Миргабиев А. дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки агар аз кирдорҳои ҷиноятии номбурда ҷабр дидаанд, тавассути рақамҳои (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД