goodwell
Сокини Душанбе шабона бо ҳамсараш ҷанҷол карда, ҷарима шуд
27.04.2026
Oila.tj
115

Дар асоси муроҷиати сокинон, нисбати шаҳрванд Аҳтамов Билол, соли таваллудаш 1995, ки бо ҳамсараш ҷанҷол кардааст, чораҳои қонунӣ андешида шудаанд.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда дар кӯчаи Н. Махсум истиқомат намуда, шабона бо ҳамсараш дар дохили манзили истиқоматӣ бо бардоштани доду фиғон оромию осудагии ҳамсоягонро халалдор намудааст.

Нисбати номбурда мутобиқи талаботи моддаи 462 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба андозаи 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 234 сомонӣ ҷарима таъин гардидааст.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки нисбат ба дигарон эҳтиром гузошта, оромию осудагии ҷомеаро халалдор насозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД