Commerc banl
Сокини Душанбе бо гумони дучархадуздӣ дастгир шуд
11.03.2026
Oila.tj
32

 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбачаи шаҳрии милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ шаҳрванд Кузнесов Артур, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки номбурда қаблан низ бо ҷурми дуздӣ суд шудааст. Бо вуҷуди ин, аз кирдорҳои ҷиноятӣ даст накашида, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба дуздии дучархаҳои шаҳрвандон машғул гардидааст.

Айни замон 9 ҳолати ҷинояти дуздӣ, ки аз ҷониби Кузнесов А. содир гардидаанд, ошкор карда шуда, дучархаҳои рабудашуда ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шудаанд.

Нисбати номбурда бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД