Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Азизов Саидакрам - сокини 20-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шудааст.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда санаи 20-уми январи соли ҷорӣ дар кӯчаи Назаршоев ҳамёни як нафар ҷавонзани сокини пойтахро, ки дар дохилаш маблағҳои пулӣ ва кортҳои бонкӣ ҷойгир буданд, ошкоро ва бо истифодаи зӯрӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ карда шуда, тафтишот идома дорад.