1xbet
Сохтмони роҳи оҳани Панҷакент - Самарқанд дар арафаи анҷомёбист
136

Сохтмони роҳи оҳан байни шаҳрҳои Панҷакенти Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон дар арафаи анҷомёбист. Роҳи мазкур шаҳрҳои бостонии Панҷакент ва Самарқандро бо ҳам мепайвандад. Дар ин бора Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар додааст.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо рафти сохтмони роҳи оҳани Самарқанд-Панҷакент дар қитъаи Ургут аз наздик шинос шудааст. Ин яке аз қитъаҳои муҳими роҳи мазкур буда, аз шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон мегузарад.

Тибқи иттилои сафорат, аллакай ҳудуди 200 километри роҳи мазкур дар мавзеи нуқтаи сарҳадии Ҷонбой-Саразм сохта шуда, сохтмони роҳ дар самти Ургут босуръат идома дорад.

Дарозии роҳи мазкур 55 километрро ташкил медиҳад ва аллакай 38 километри он ба пуррагӣ сохта шудааст. Интизор меравад, ки то охири моҳи август ҳаракати қатораҳо дар минтақаи Ургут ба роҳ монда мешавад.

Тибқи қарордоди байни ду давлат сохтмони 3 километр роҳи оҳан дар ҳудуди шаҳри Панҷакент аз нуқтаи марзӣ то минтақае, ки Ҳукумати Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба нақша гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД