arzon replenishment
СОХТМОНИ ХОНАҲОИ СОКИНОНИ СЕЛЗАДА ҚАРИБ ТАМОМ ШУДАНД
3850

Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон то имрӯз қариб тамоми 67 хона, ки дар маҳаллаи Чорбоғ (Деҳқонобод) сохта мешаванд, бомпӯш шуданд.  Алъон корҳои андовакунӣ ва рангуборсозӣ дар дохили хонаҳо ҷараён дорад.

Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати вилоят барои ҳамаи оилаҳои зарардида аз маҳалли бехавф 8 сотихӣ қитъаи замин барои сохтмони манзилҳои нав ҷудо карда шудааст. Ба ҳамаи хонаводаҳо дар баробари маводи фаровони ғизоӣ, инчунин масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд. Таъмини ҳамаи 67 хона бо дару тиреза аз ҷониби ҳукумат пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 14 - 16 майи соли 2020 дар натиҷаи боронҳои пайдарпай дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ ва Айнии ноҳияи Хуросон ба зиёда аз 100 хонаи истиқоматӣ лойқа даромада, чанд хонаи истиқоматии дигар пурра осеб дида буд. Ҳамзамон, зимни боришоти борон шаҳрвандон Бекмуродов Холбой Урозалиевич, таваллудаш 1965, сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Пахтаобод ва Камолов Қумриддин Ҳасанович, таваллудаш 1956, сокини ҷамоати деҳоти Айнӣ, деҳаи Гулистон, ба ҳалокат расиданд.

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон гуфт, ки тахминан соатҳои 17:00 - и рӯзи 14 май сел омад. Ин офати табиӣ бе хисорот набуд. Инчунин, рӯзи 21 марти соли равон ҳам дар натиҷаи бориши зиёди борон дар ин ноҳия сел омада буд, ки дар пайи он як сокини ноҳия вафот карда, хонаҳои сокинон ва заминҳои кишти онҳо пур аз обу лой шуда буд.

Масъулони ситоди вилоятӣ хисороти сели моҳи марти соли равон дар ноҳияи Хуросонро зиёда аз 1 миллиону 335 ҳазор сомонӣ гуфта буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД