Arzon march 2024
Соҳибони марказҳои компютерӣ барои ҷалби ноболиғон ба бозиҳои компютерӣ ҷазо мегиранд
223

Милитсияи пойтахт муборизаро бар зидди бозиҳои компютерӣ пурзӯр мегардонад. Минбаъд соҳибони марказҳои компютерӣ барои ҷалби ноболиғон ба бозиҳои компютерии COUNTER STRIKE ва GRAND THEFT AUTO (GTA) ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҳушдор додааст, ки дар баробари соҳибони марказҳои компютерӣ, ҳамчунин муаллимон ва падару модароне, ки фарзандонашон ба чунин бозиҳо машғул мешаванд, музоҷот карда мешаванд.

Тибқи хулосаи экспертизаи таърихиву фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозиҳои COUNTER STRIKE ва GRAND THEFT AUTO (GTA), дорои хусусияти зӯроварӣ, қатлу куштор ва ғоратгарӣ мебошанд. Таҳлилҳои мақомоти милитсия низ нишон медиҳанд, ки мутаассифона баъзе аз ҷавонону наврасон, дар натиҷаи мунтазам ба чунин бозиҳо машғул гардидан, зери таъсири манфии ин бозиҳо қарор гирифта, ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд.

Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз кулли соҳибмулкони чунин марказҳо талаб менамояд, ки минбаъд ба панҳсозии ин бозиҳо роҳ надиҳанд. “Ҳамзамон шаҳрвандонро мебояд фарзандони худро зери назорат гирифта, нагузоранд ба чунин бозиҳои тарғибкунандаи қатлу куштор машғул шаванд”,- омадааст дар хабаре, ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар саҳифаи фейкбукиаш нашр намудааст.

Милитсияи пойтахт шаҳрвандонро огоҳ намудааст, ки минбаъд рейду амалиётҳои санҷиширо дар чунин марказҳо роҳандозӣ менамояд. Соҳибони марказҳои компютерӣ ва падару модарони ноболиғон ва ҷавононе, ки ҳангоми бозӣ дар чунин марказҳо ба чанг меафтанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД