Sebiston new 2024 october
Соҳиба Азизова чи тавр ҷовандоз шуд?
1137


Ӯро барои иҷрои як нақши хурд ба филме даъват карданд. Майдони сабт дар ноҳияи Файзобод буд. Аз рӯи талаботи нақш бояд аспсавор мегашт. Аз ин рӯ, бори аввал болои зин баромад.

Ғайриинтизораш асп ба ӯ зуд ром шуд ва дилашро аз худаш пур кард. Аммо бо гузашти чанд лаҳза он сӯи адир хез гирифт. Қаҳрамони мо, ки бо асп таҷрибае надошт, болои он ночор монд. Асп хеле тохт ва ниҳоят ором шуду ба майдони сабт баргашт.
Ӯ то ин замон ба намудҳои дигари варзиш машғул буд, вале асп ба ӯ меҳр дод. Ин буд, ки соли 2017 ба “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт омад ва ҳамчун шогирди устоди варзиши аспдавонӣ Каримҷон Саидов ба тамрин сар кард.

Борҳо аз асп афтид ва осеби зиёд дид. Махсусан, рӯзе, ки пояш дар рикоб монду асп ӯро кашола кард, зарбаи сахти ҷисмонӣ бардошт ва тасмим гирифт, ки дигар намеояд.
Аммо, сиҳат шуду боз баргашт ба майдони аспдавонӣ. Ӯ ҳоло човандози номдор аст.
Соҳиба Азизова 19- марти соли 2000 дар Душанбе таваллуд шудааст. Миёни занон қаҳрамони ҷаҳон дар намуди гӯштин аст ва ҳамеша Тоҷикистонро дар ҷаҳон бо ғалабаи варзишии худ муаррифӣ мекунад.

Соҳиба аз хурдӣ мехост муштзан шавад ва ба назди мураббии бокс рафт, вале мураббӣ ӯро ба шогирдӣ напазируфт ва чанд сухани сахт гуфт. Ин Соҳибаро ба варзиш водор намуд ва ба гӯштин рӯ овард, зеро он яке аз варзишҳои душвортарин ба ҳисоб меравад. Ҳоло талош дорад аввалин зане бошад, ки дар UFС ҷанг мекунад ва аз асп ҳам дил наканд.
Соли 2020 дар шаҳри Тошканд дар сабқати аспдавонӣ ширкат намуд. Дар ин мусобиқаи байналмилалии аспсаворӣ миёни 10 кишвари Осиё Соҳиба ба гирифтани мақоми аввал сазовор гашт ва бо ду ҷоизаи аввали ин мусобиқа, ҳам дар риштаи каратэ ва ҳам аспдавонӣ баргашт.

Бар замми варзишгар будан, ӯ қалами хуб ҳам дорад, зеро Соҳиба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва дар ин баробар дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш волонтёр буд.

Ҳоло Соҳиба Азизоваро бисёриҳо ба Гурдофарид монанд мекунанд, зеро ӯ чун қаҳрамони “Шоҳнома” асп медавонад. Ӯ яке аз он варзишгардухтаронест, ки дар намудҳои гуногуни варзиш қувваозмоӣ карда, дар сабқатҳои сатҳи байналмилалӣ парчами Тоҷикистонро бардоштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД