Arzon march 2024
Собун-душмани ҳусн?
22.12.2022
ОИЛА
1459


Ҳавои сарди зимистон барои пӯсти мо имтиҳони шадид аст, аз ин хотир, нигоҳубини пӯсти рӯй дар сармо бояд махсус ба роҳ монда шавад. Ба ҳеҷ ваҷҳ бо собун рӯй нашӯед, он пӯстро хушк месозад.

Ба ҷои собун гели шустушӯиро ба кор баред. Аз оби кран, хусусан оби ҷуш истифода набаред. Аз таъсири чунин об рагҳо васеъ мешаваду пӯст пажмурда мегардад. Беҳтар мебуд, ки дар зимистон пӯсти рӯйро танҳо бо маҳлулҳои махсуси косметикии поккунанда тоза кунед. Пӯсти хушкро бо шира (молоко), пӯсти муътадил ва омехтаро бо маҳлули макияжтозакунии бе равған бояд тоза кард.

Пӯстатон равғанин бошад, шумо батолеъ будаед, зеро ин навъи пӯст ба сармо тобовартар аст. Пӯсти равғанинро бо мушкоб, тоник ва гелҳои беспирт бояд тоза кард.

                    Скраб ва пилинг
Боз як таъсири дигари зимистон дар он аст, ки пӯст дағалу ғафс мегардад. Ҳафтае як ё ду маротиба аз малҳам ё скраби поккунандае истифода баред, ки махсус барои пӯсти шумо пешбинӣ шудааст. Пӯстатон аз ҳад зиёд хушк бошад, скрабу пилингро хеле боэҳтиёт истифода бубаред. Метавонед аз скраби тайёр истифода баред ё худатон омода созед.

                        Скраби хонагӣ
Як қошуқ сметанаро бо 1 қошуқча намаки хурд омезед. Бо ҳаракатҳои давравии сабук маҳлулро ба рӯятон молида, чанд дақиқа маҳс кунед. Баъди тоза кардани скраб ба рӯй малҳами ғизобахш молед. Дар сурати мунтазам истифода бурдани чунин пилинг доғҳои пигментиву кунҷитак тоза мешаванд ва пӯст ҳамвору мулоиму ҷавон мегардад.

                   Нармкунонии пӯст
Пӯсти мо 70% аз об иборат аст. Азбаски дар ҳавои сард вақти бештарро дар утоқҳои гарм мегузаронем, пӯстамон хушк мешавад. Дар ин фасл бе малҳами нармкунанда намешавад, вале як қоидаро бояд риоя намуд: тамоми малҳамҳои косметикии обдор бояд 40-60 дақиқа қабл аз кӯчабароӣ молида шаванд, вагарна, рухсораҳоятон ях карда, пӯстатон бемор мегардад. Беҳтараш малҳамҳои нармкунандаро бегоҳ қабл аз хоб молед ва дигар ба кӯча набароед.
Дар фасли сармо аз малҳамҳои нармкунандае истифода баред, ки аз равғани бодом, сабр, азулен, ҷавҳари чормағз иборат бошанд. Малҳамро ба пӯсти тоза кардашуда молида, боқимондаашро бо салфетка тоза кунед. Барои он ки пӯст хушк нагардад, намнокии утоқҳоро зиёд гардонед, асбоби нармкунандаи ҳаво (увлажнител воздуха)-ро истифода баред.

                          Ғизодиҳӣ
Ба ғайр аз намноккунӣ пӯст ба ғизо ниёз дорад. 30-40 дақиқа қабл аз кӯчабароӣ ба рӯятон малҳами ғизобахш молед. Ин малҳамро ба пӯсти атрофи чашм намолед, зеро ин мавзеи пӯст ба нигоҳубни хоса ниёз дорад. Баъди 5 дақиқа боқимондаҳои малҳамро бо салфетка тоза кунед. Малҳами ҳамранги пӯст (тоналний)ва пудра молед. Малҳами хуби ҳамранг таъсири муҳофизатӣ дорад.

                    Офтоби зимистон
Дар зимистон аз офтоб пӯстро бояд ҳифз намуд. Косметологон тавсия медиҳанд, ки малҳами муҳофизатии SPF-15-ро истифода бубарем. Онро қабл аз молидани малҳами рӯзона бояд молид. Айни замон дар мағозаҳои атриёт малҳамҳои нармкунандаву муҳофизатие вуҷуд доранд, ки дар таркибашон SPF-филтр доранд.
Танбалӣ накарда, ҳафтае 1-2 бор ниқобҳои ғизобаш омода созед. Барои бонувоне, ки пӯсташон нозук асту аз таъсири ҳаво зуд осеб меёбад, молидани ниқоб муҳим аст.
Равғани зайтун, ангат ё равғани тозаи офтобпарастро гарм карда, докаеро дар он тар кунеду ба рӯю гарданатон гузоред. Беҳтараш равғанро аз соати 21 то 23-и шаб молед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД