Соболенко боз ба финали Australian Open роҳ ёфт
01.02.2026
Oila.tj
60

Теннисбози беларус Арина Соболенко, ғолиби чоркаратаи мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” ва ракеткаи якуми ҷаҳон ба финали мусобиқаи Australian Open - 2026 роҳ ёфт.

Ӯ дар бозии нимниҳоӣ бар теннисбози украинӣ, ракеткаи 12-уми ҷаҳон Элина Свитолина пирӯз шуд. Вохӯрӣ 1 соату 17 дақиқа идома карда, бо ҳисоби 6:2, 6:3 ба фоидаи Соболенкои 27-сола анҷом ёфт.

Ҳамин тавр, соли чаҳорум пайиҳам Арина Соболенко ба финали мусобиқаҳои кушоди Австралия баромад. Арина Соболенко солҳои 2023 ва 2024 ғолиби мусобиқаи Australian Open шудааст.

Соли 2023 ӯ дар финал теннисбози қазоқ Елена Рибакинаро шикаст дод ва соли 2024 бар теннисбози чинӣ Чжэн Тсинвэн пирӯз гардид. Соли 2025 Соболенко дар финал аз теннисбози амрикоӣ Мэдисон Киз мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар Australian Open - 2026 Арина Соболенко бо ғолиби ҷуфти Ҷессика Пегула (ИМА) ва Елена Рибакина (Қазоқистон) нерӯ месанҷад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД