Собиқ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдушукурова Тамара Махсумовна дар синни 85-солаги дунёро падруд гуфт.
Дар ин бора Саидзода Отахон дар саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ дода, менависад, ки “аз номи роҳбарият ва аҳли ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба тамоми шогирдон ва пайвандонашон сабри ҷамил мехоҳем”.
Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj низ аз даргузашти ин чеҳраи машҳур андуҳгин буда, ба наздиконашон сабру шикебоӣ мехоҳанд.