arzon replenishment
Собиқ ректори донишгоҳҳои миллию техникӣ даргузашт
361

 

Физикдони машҳур, академик ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик Саидмуҳаммад Одинаев дишаб дар синни 81-солагӣ даргузашт. Ӯ чандин сол ректори Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Саидмуҳаммад Одинаев, физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (1995), профессор (1996), академики Академияи илмҳои Тоҷикистон (2008), узви Академияи илмҳои Ню-Йорк (1994), академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ (2004) 19 октябри соли 1942 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ба дунё омадааст.

Саидмуҳаммад Одинаев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро соли 1965 хатм карда, фаъолияти кориаш дар ҳамин донишгоҳ аз ассистенти кафедраи физикаи назарӣ оғоз шудааст.

Солҳои 1971-1974 дар аспирантураи ДМТ таҳсил карда, соли 1983 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Киев ва рисолаи докториашро соли 1995 дар Тоҷикистоне ҳимоя кард.

Солҳои 1999-2001 дар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ ва баъдан то соли 2005 ба ҳайси ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 то соли 2008 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Аз соли 2008 профессори кафедраи физикаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ. Ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Муаллифи зиёда аз 170 монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Ӯ яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи назарияи статистикаи ҳолати моеъи моддаҳо буда, роҷеъ ба таҳқиқи сохтори микроскопии муҳити конденсӣ дар байни олимони соҳаи физика эътироф шудааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо ордени “Шараф” (2004) сарафроз гардидааст.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомонаи "Oila" аз даргузашти олими намоён, устод Саидмуҳаммад Одинаев андуҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД