Сарраёсати оташнишонии Вазорати корҳои дохилии кишвар сӯхтор дар бозори "Қубод"-и ноҳияи Қубодиёнро расман шарҳ дод.
Манбаъ гуфт, кормандони ин ниҳод тавонистанд давоми тақрибан 3 соат алангаи оташро хомӯш созанд.
Ҳодиса субҳи имрӯз, 29-уми июни соли 2023, соати 04:50-дақиқа дар бозор, ки воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳия буд, ба амал омад.
"Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани оташнишонон муайян гардид, ки сӯхтор нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар масоҳати 655 метри мураббаъро фаро гирифта, хавфи паҳншавии он ба дигар нуқтаҳои савдо ба миён омадааст", - иброз доштааст манбаъ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, бо сафарбар намудани қувва ва воситаҳо сӯхтор дар соати 07:05 дақиқа сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд ва сабаби сар задани он то кунун муайян нашудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки сӯхтори бозору марказҳои савдо дар Тоҷикистон, махсусан дар вилояти Хатлон ҳодисаи нав нест. Аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон Маркази савдои ҶДММ "Фархундаи-Шуҳрат" оташ гирифта буд, ки 240 метри мураббаъро фаро гирифт.