Субҳи имрӯз яке аз бозорҳои калони шаҳри Бохтар оташ гирифта, фурӯшандагон зарари зиёди молӣ дидаанд...
Сӯхтор суҳби имрӯз, 7-март дар бозори “Баҳор”-и шаҳри Бохтар, ки савдогаронаш асосан ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии мошинҳои гуногунтамға машғуланд, рӯй додааст.
Сабаби сар задани ҳодиса ҳанӯз маълум нест, вале ба иттилоъи Пресса. ТЧ сӯхтор масоҳати беш аз 200 метри мурабаъро фаро гирифта, 7 нуқтаи фурӯши қисмҳои эҳтиётии автомобил зарар дидаанд.