1xbet
Сӯхтор дар бинои нави Театри миллӣ
115

Дар бинои Театри миллии Тоҷикистон, ки сохтмонаш ҳанӯз ба охир нарасидааст, имрӯз сӯхтор ба амал омад. Мувофиқи маълумоти хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ сӯхтор дар анбори масолеҳи сохтмонӣ рух додааст.

"Сӯхтор соати 10:20 сар зада, ба ҷои ҳодиса фавран 4 мошини сӯхторнишонӣ сафарбар карда шуд. Дар соати 10:40 маҳали сӯхтор муайян карда шуда, соати 12:01 оташ пурра хомӯш карда шуд. Сабаби сар задани сӯхтор, шахсони масъул ва хисорот аз ҷониби мутахассисон муайян карда мешаванд",- омадааст дар хабар.

Чанде пеш дар ҳудуди Варзишгоҳи марказии сохтмонаш ҳанӯз ба итмом нарасидаи Душанбе низ сӯхтор рӯй дода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД