goodwell
Сӯхтор дар бинои истиқоматии Меҳринигори Рустам
17.11.2026
Оила
77

Сӯхтор дар бинои истиқоматии Меҳринигори Рустам

Сарояндаи тоҷик Меҳринигори Рустам аз сар задани сӯхтор дар бинои истиқоматиаш дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Дар пайи ҳодиса манзили ӯ низ осеб дидааст.

Ӯ бо нашри як навор дар саҳифаи Instagram-и худ гуфтааст, ки ҳангоми рух додани ҳодиса дар шаҳри Дубай қарор дошта, ҳамсоягонаш ӯро аз сӯхтор огоҳ кардаанд.

Ба гуфтаи сароянда, то ҳол сабаби сар задани сӯхторро намедонад. Ӯ ҳамчунин аз мақомоти шаҳри Душанбе хостааст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир карда, чораҳои зарурӣ андешанд.

«Ин қадар зиқ шудам, ки рӯи дилам сиёҳ аст, ростӣ. Намедонам сабабаш чист... Бинои мо дар ҳолати бад қарор дорад», - гуфтааст Меҳринигори Рустам.

То ҳол дар бораи сабабҳои сӯхтор, ҳаҷми зарари расида ва эҳтимоли осеб дидани дигар манзилҳо маълумоти расмӣ нашр нашудааст. Мақомоти дахлдор низ ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки Меҳрнигори Рустам рӯзи 15-уми ноябр дар Дубай ба гирифтани ду ҷоиза «Star of the Night» ва «The EMIGALA 2026» мушарраф гардида буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД